12 Июн 2026 - 19:04
Source: ABNA
Интишори ҷузъиёти нав аз пешнависи тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

Ҷузъиёти нав аз пешнависи тафоҳумномаи 14 моддаии Эрон ва Амрико интишор ёфт.

Ба гузориши хабарии «Абно», ҷузъиёти нав аз пешнависи тафоҳумномаи 14 моддаии Эрон ва Амрико аз ҷониби манбаъи наздик ба гурӯҳи гуфтушунивандаи эронӣ интишор ёфт. Ҷузъиёти ин пешнавис ба шарҳи зер аст:

  1. боздоштани доимӣ ва фаврии ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳо аз ҷумла Лубнон.

  2. ӯҳдадории Амрико ба намадухилӣ дар умури дохилии Эрон ва эҳтиром ба ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон.

  3. бартарафсозии пурраи муҳосираи баҳрӣ дар давоми 30 рӯз.

  4. ӯҳдадории Амрико ба хориҷ кардани нерӯҳояш аз атрофи Эрон.

  5. бозгушаии тангаи Ҳурмуз дар давоми 30 рӯз бо тартиботи эронӣ.

  6. боздошти муваққатии таҳримҳои фурӯши нафт, маҳсулоти петрохимиявӣ ва пайвандҳо ва дастрасии пурраи Эрон ба манбаъҳои молиявии он.

  7. зарурати пешниҳоди нақшаҳои бозсозии Эрон ҳадди аққал ба маблағи 300 миллиард доллар тавассути Амрико ва иттифоқчиёнаш.

  8. 60 рӯз гуфтушунид барои расидан ба созишномаи ниҳоӣ дар асоси масъалаҳои ҳастаӣ ва бекор кардани пурраи таҳримҳои аввалия, дуввумияи Амрико ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Ҳокимони Агентии Байналмилалии Энержии Атомӣ.

  9. такрори ӯҳдадории Эрон дар паймони NPT дар бораи на истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ.

  10. дар давраи гуфтушунид Амрико ӯҳдадор шудааст, ки ба нерӯҳои худ дар минтақа намеафзояд ва таҳрими нав низ намегузорад.

  11. озодсозии 24 миллиард доллар пулҳои басташудаи Эрон дар давраи 60 рӯзи гуфтушунидҳои ниҳоӣ. Нисфи ин маблағ пеш аз оғози гуфтушунидҳо бояд дар дастраси Эрон қарор гирад.

  12. ташкили созукори назоратӣ барои иҷрои созишнома.

  13. созишномаи ниҳоӣ бо қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ мешавад.

  14. гуфтушунидҳои ниҳоӣ пеш аз озодсозии нисфи пулҳои басташудаи Эрон, боздошти муваққатии таҳримҳои нафтии Эрон ва бартарафсозии муҳосираи баҳрӣ оғоз намешавад. Созишномаи ниҳоӣ танҳо дар мавриди сарнавишти моддаҳои ғанишуда ва ғанисозӣ, бартарафсозии таҳримҳо ва барномаи бозсозии иқтисоди Эрон анҷом мешавад ва баҳс дар бораи барномаи мӯшакӣ ва дастгирии гурӯҳҳои муқовимат ба таври қатъӣ аз дастури кор хориҷ шудааст.

Ҳамон тавре ки сухангӯи Вазорати хориҷа эълом кард, ин матн ҳанӯз эҳтиёҷ ба баррасӣ ва ниҳоӣ шудан дар ниҳодҳои дахлдор дар Эрон дорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha